eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Сафари маърифатӣ ба ҷаҳони "Робинзон Крузо"
Саҳифаи асосӣ
More
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Сафари маърифатӣ ба ҷаҳони "Робинзон Крузо"
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
2-28-98-39
Душанбе, хиёбони И. Сомони 8 ( Иттифоқи нависандагон - Мактаби №8)
21 майи 2026
Сафари маърифатӣ ба ҷаҳони "Робинзон Крузо"
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии "Бардошти маънӣ" доир гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи бузурги англис Даниел Дефо – "Робинзон Крузо" бахшида шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки кормандони…
Previous slide
Next slide
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии "Бардошти маънӣ" доир гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи бузурги англис Даниел Дефо – "Робинзон Крузо" бахшида шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки кормандони Хадамот дар фазои дӯстона ва пур аз мубоҳисаҳои судманд ҷараён гирифт.
Дар маҳфил нуқтаҳои асосии роман, аз қабили масъалаҳои мубориза барои зиндагӣ, иродаи қавӣ, азму иродаи инсон дар шароити душвор, аҳамияти меҳнат ва ҳунармандӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоию фалсафии асари "Робинзон Крузо" ба таври амиқ баррасӣ шуданд.
Иштирокчиён бо ибрози андешаҳои худ, аз ҷумла дар мавриди хусусиятҳои равоншинохтии қаҳрамон, масъалаи танҳоӣ ва роҳҳои бартараф кардани он, ва инчунин таҷрибаи Робинзон Крузо дар бунёди тамаддуни хурд дар ҷазираи хилват, мубоҳисаҳои ҷолиб доир намуданд. Таҳлили амиқи асар ба ҳозирин имкон дод, ки на танҳо ба ҷанбаҳои адабии он, балки ба паёмҳои ахлоқӣ ва ҳаётбахши он низ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.
Маҳфили "Бардошти маънӣ" дар Хадамоти иҷро як иқдоми шоиста буда, ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кормандон, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи тафаккури онҳо мусоидат мекунад. Чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.