Имрӯз кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии оммавии варзишии «Дави миллӣ», ки бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони кишвар баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд.…
Имрӯз кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии оммавии варзишии «Дави миллӣ», ки бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони кишвар баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи сиёсати варзишпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҷисмонӣ ва рушди фарҳанги варзишӣ дар ҷомеа равона шудааст.
Иштироки кормандони Хадамоти иҷро дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бозгӯи таваҷҷуҳи махсус ба солимии ҷомеа, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи варзиш мебошад.
Қобили зикр аст, ки «Дави миллӣ» ҳамчун яке аз маъракаҳои муҳими иҷтимоӣ ва варзишии кишвар ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардида, дар тарғиби арзишҳои солимии ҷомеа ва муттаҳидии шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.