Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, директори КВД…
Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, директори КВД «Тоҷиксуғурта»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Мақсудзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода баргузор гардид.
Ҳайати расмӣ бо мақсади шиносоӣ аз раванди сохтмон, сифати корҳо ва риояи вақти иҷроиш аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ, аз ҷумла аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду бузургӣ саноатии ноҳия дидан намуданд.
Меҳмонон ҳангоми суҳбат бо бинокорон ва масъулини ноҳия ба масъалаҳои мубрам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеш аз ҳама сифати сохтмон, истифодаи масолеҳи сохтмонии ватании хушсифат ва риояи меъморҳои шаҳрсозии муосир, инчунин сабзу хуррамгардонии атрофи иншоотҳо шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва ташкили низоми обёрии онҳо дар вақти муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.