eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ТАҲКИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ВА ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Саҳифаи асосӣ
More
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
ТАҲКИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ВА ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
2-28-98-39
Душанбе, хиёбони И. Сомони 8 ( Иттифоқи нависандагон - Мактаби №8)
8 майи 2026
ТАҲКИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ВА ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи…
Previous slide
Next slide
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои ҳудудӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми назорати дохилиидоравӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, риояи талаботи қонунгузории соҳавӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва такмили механизмҳои идоракунӣ дар фаъолияти мақомоти иҷро, инчунин равандҳои татбиқи барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба такмили фаъолияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, тақвияти назорати дохилӣ, таъмини иҷрои самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо коррупсия тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар ҷараёни муҳокима таъкид гардид, ки таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти истеҳсолоти иҷро, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамикунонӣ, такмили фарҳанги ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳи касбияти кормандон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати ислоҳотии Хадамот маҳсуб меёбанд.
Инчунин, ба роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудӣ вобаста ба андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи хизматчии давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Қайд гардид, ки Хадамоти иҷро минбаъд низ фаъолияти худро дар самти таҳкими волоияти қонун, муқовимати муассир ба коррупсия, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди ҷомеа, инчунин таъмини иҷрои босифати ҳуҷҷатҳои иҷро мутобиқ ба талаботи муосири идоракунии давлатӣ тақвият хоҳад бахшид.