Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи асари гаронарзиши адиби бузург ва…
Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи асари гаронарзиши адиби бузург ва мутафаккири фарзонаи тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ — «Баҳористон» нигаронида шуд.
Дар ибтидои маҳфил муҳтаво ва ҷанбаҳои ғоявии ин асари пурарзиш муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки «Баҳористон» на танҳо як маҷмӯаи ҳикоятҳо ва ҳикматҳо, балки як таҳлили амиқи фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии рафтору кирдори инсонҳо дар тӯли қарнҳост.
Зимни музокираҳои адабӣ, баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар ин асар Абдураҳмони Ҷомӣ бо маҳорати баланди суханварӣ ва андеша ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, ахлоқ, адл ва инсондӯстӣ равшанӣ андохтааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки андарзҳои пандомез, ҳикоятҳои ибратомӯз ва бадеҳагӯиҳои ҳунаронаи «Баҳористон» барои ҳар як фард, бахусус хизматчии давлатӣ, ҷиҳати таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, ташаккули андешаи созанда ва қабули қарорҳои одилона аҳамияти хос дорад.
Дар фарҷоми маҳфил хулоса гардид, ки мутолиа ва таҳлили чунин осори классикӣ барои ташаккули тафаккури интиқодӣ, боло бурдани сатҳи маънавиёт ва дарки дурусти ҷаҳони ахлоқӣ дар байни кормандон нақши калидӣ мебозад.
Маҳфил дар фазои мубодилаи озоди афкор ва созанда ба анҷом расида, иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳикматҳои Ҷомӣ ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти муосир андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд.