Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 "Дар бораи Барномаи рушди…
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 "Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дастаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони вазорату идораҳо иштирок намуд.
Ин мусобиқаи варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, таҳкими руҳияи дастаҷамъӣ ва дӯстӣ байни кормандони мақомоти давлатӣ, инчунин мусоидат ба рушди футбол дар кишвар мебошад.
Дастаи Хадамоти иҷро, ки аз ҳайати кормандони фаъолу соҳибистеъдод иборат буд, бо руҳияи баланди варзишӣ ва омодагии ҷиддӣ дар ин чорабинии муҳими варзишӣ ширкат варзид. Иштироки фаъолонаи кормандони Хадамот дар ин мусобиқа нишондиҳандаи таваҷҷуҳи роҳбарияти Хадамот ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзиш дар дохили ниҳод мебошад.
Мусобиқа бо бохти техникии ҷониби дастаи футболи Агентии назорати маводи нашъаовар 5:0 ба манфиати дастаи Хадамоти иҷро анҷом ёфт.