Бо мақсади иҷрои босифати дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025, №12 вобаста ба 1 миллиард сомонӣ расонидани ситониши маблағҳо дар Хадамоти иҷро ҷаласаи Ситод баргузор гардида, корҳои анҷомдодашуда дар ин самт натиҷагирӣ ва…
Бо мақсади иҷрои босифати дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025, №12 вобаста ба 1 миллиард сомонӣ расонидани ситониши маблағҳо дар Хадамоти иҷро ҷаласаи Ситод баргузор гардида, корҳои анҷомдодашуда дар ин самт натиҷагирӣ ва барои иҷрои пурраи он вазифагузорӣ карда шуд.
Дар ҷаласа, роҳбарият, ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот (тариқи маҷозӣ) иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода Аҳтам Рустам оғоз намуда, рӯзномаи баргузории онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар давраи 3 моҳи аввали соли 2026 Хадамоти иҷро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба таҳкими қонуният, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти иҷро, таъмини иҷрои саривақтӣ ва воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор равона намудааст.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, камбудиҳои ҷойдошта муайян ва баҳри бартараф намудани онҳо, инчунин ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зикр гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 тамоми таваҷҷуҳи роҳбарият ва ҳайати кормандони Хадамот, дар баробари иҷрои самтҳои гуногуни фаъолияти хизматӣ, ба масъалаи гузариши пурра ба низоми рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва расонидани ситониши маблағҳо ба 1 миллиард сомонӣ равона гардида, дар ин замина ҷиҳати барқарор ва ҳифз намудани манфиатҳои қонунии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷрочиёни Хадамоти иҷро салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 15 127 истеҳсолотҳои иҷрои дар се моҳи аввали соли 2026 оғозшуда истифода бурда, аз ин иҷрои 10 368 (2025 - 7 742) ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 99 405 984 (2025 - 62 179 335) сомонӣ, 36 000 (2025 - 185 202) доллари ИМА, 110 523 (2025 - 13 679 941) тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 401 392 рубли Федератсияи Россия (2025 - 3 035 рубли Ҷумҳурии Белорус) таъмин намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 226 649 сомонӣ зиёд мебошанд.