Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи шоҳасари нависандаи олмонӣ Ҷеймс Крюс — повести…
Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи шоҳасари нависандаи олмонӣ Ҷеймс Крюс — повести «Тим Талер ё хандаи фурӯхташуда» нигаронида шуд.
Дар ибтидои маҳфил муҳтаво ва ҷанбаҳои ғоявии асар муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки ин навишта на танҳо як қисса, балки як асари амиқи фалсафӣ ва ахлоқист, ки муҳимтарин арзишҳои инсониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Зимни музокираҳои адабӣ баромадкунанда қайд намуд, ки дар ин асар «ханда» рамзи озодии ботинӣ, сарвати руҳонӣ ва асолати инсонӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки фурӯхтани ханда дар ивази сарвати беҳисоб ва бурду бохтҳои моддӣ, дар асл ба маънои аз даст додани ҳувият ва ғуломи нафс гардидани шахсият аст. Асар собит месозад, ки ҳеҷ гуна сарвати дунё наметавонад ҷойи хушбахтии воқеӣ ва оромии руҳиро бигирад.
Дар фарҷоми маҳфил хулоса гардид, ки мутолиа ва таҳлили чунин осори гаронбаҳо ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ, тақвияти худшиносӣ ва дарки моҳияти ҳақиқии ҳаёт дар байни ҷавонону кормандон нақши калидӣ мебозад.
Маҳфил дар фазои мубодилаи озоди афкор ва созанда ба анҷом расида, иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни асар андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд.