Таҳти ҳамин унвон санаи 3 апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки дар…
Таҳти ҳамин унвон санаи 3 апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар давоми таъсис ва фаъолияти Хадамоти иҷро аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Хадамот ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат карда, сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо маротиб баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст ва имрӯз аз таъсис ин ниҳоди муҳими давлатӣ 8 сол сипарӣ мешавад.
Зикр бояд намуд, ки дар доираи таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти иҷро аз ҷониби Хадамот силсила - чорабиниҳои маърифативу ҳуқуқӣ, аз ҷумла маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ободгардонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, аёдати собиқадорони соҳа ва дигар чорабиниҳо роҳандазӣ гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби сардори Хадамот, ба як қатор кормандони фаъоли соҳа сипоснома, рутбаҳои навбатии дараҷавӣ ва тахассусӣ барои фаъолияти софдилона, иҷрои босамари масъулияти хизматӣ ва саҳгузории арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро супорида шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш, ба муносибати иди касбии кормандони соҳа, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои дурахшони санъати ватанӣ баргузор гардид. Намоиши ҳунармандони маъруф ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшида, хотири иштирокдоронро бо таронаҳои дилнишин ва барномаҳои ҷолиб шод намуданд.