Дар доираи баргузории силсила - чорабиниҳои маърифатию ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро, аз ҷониби роҳбарият ва масъулони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати собиқадорони соҳа ба роҳ монда шуд. Ин иқдом бо мақсади…
Дар доираи баргузории силсила - чорабиниҳои маърифатию ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро, аз ҷониби роҳбарият ва масъулони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати собиқадорони соҳа ба роҳ монда шуд. Ин иқдом бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо ва таҳкими анъанаҳои неки эҳтиром ба таҷриба ва мероси касбӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот ба собиқадорон барои саҳми арзандаашон дар рушду такомули низоми истеҳсолоти иҷро изҳори сипос намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи ғанӣ ва мактаби касбии онҳо барои насли ҷавони кормандон намунаи ибрат мебошад.
Чунин иқдомҳо ба таҳкими пайванди наслҳо, боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ ва тақвияти арзишҳои касбӣ дар низоми мақомоти иҷро мусоидат намуда, дар роҳи рушди минбаъдаи соҳа нақши муҳим доранд.