Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими фарҳанги ташкилӣ ва рушди қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти иҷро, миёни кормандони мақомоти иҷрои кишвар…
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими фарҳанги ташкилӣ ва рушди қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти иҷро, миёни кормандони мақомоти иҷрои кишвар мусобиқаи варзишию зеҳнӣ аз рӯи намудҳои шашка ва шоҳмот баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии васеъ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон доир гардида, ҳадафи он таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани малакаҳои таҳлилӣ ва ташаккули муҳити солими рақобат миёни кормандон арзёбӣ мегардад.
Дар рафти мусобиқа иштирокчиён сатҳи баланди омодагии зеҳнӣ, маҳорату малакаи касбӣ ва қобилияти қабули қарорҳои дуруст дар шароити рақобати шадидро нишон доданд. Бозии шоҳмот ва шашка ҳамчун василаи муҳими рушди тафаккури стратегӣ ва таҳкими интизоми шахсӣ, имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён қобилиятҳои худро дар сатҳи баланд муаррифӣ намоянд.