eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
«ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК ТЕМУРМАЛИК »-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР МАҲФИЛИ «БАРДОШТИ МАЪНӢ»
Саҳифаи асосӣ
More
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
«ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК ТЕМУРМАЛИК »-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР МАҲФИЛИ «БАРДОШТИ МАЪНӢ»
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
2-28-98-39
Душанбе, хиёбони И. Сомони 8 ( Иттифоқи нависандагон - Мактаби №8)
12 марти 2026
«ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК ТЕМУРМАЛИК »-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР МАҲФИЛИ «БАРДОШТИ МАЪНӢ»
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, рушди тафаккури маънавӣ ва шиносоии амиқи кормандон бо мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили китобхонӣ таҳти унвони «Бардошти маънӣ» баргузор…
Previous slide
Next slide
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, рушди тафаккури маънавӣ ва шиносоии амиқи кормандон бо мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили китобхонӣ таҳти унвони «Бардошти маънӣ» баргузор гардид.
Дар доираи маҳфили мазкур асари машҳури устоди адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ — «Темурмалик» мавриди мутолиа ва баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Зимни маҳфил қайд гардид, ки ин асар яке аз беҳтарин намунаҳои насри таърихии тоҷик буда, дар он қаҳрамонӣ, ҷасорат ва ватандӯстии мардуми тоҷик дар давраи ҳуҷуми муғулҳо ба сарзаминҳои Мовароуннаҳр ба таври таъсирбахш инъикос ёфтааст.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар маркази асар симои қаҳрамони миллӣ — Темурмалик, ҳокими шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ки дар лаҳзаҳои ниҳоят вазнини таърихӣ барои ҳифзи Ватан ва ҳимояи шаъну шарафи мардум бар зидди лашкари муғулҳо далерона мубориза мебарад. Тавре таъкид гардид, Темурмалик ҳамчун сарлашкари ҷасур ва фармондеҳи хирадманд бо истифода аз тадбирҳои зираконаи ҳарбӣ ва иродаи қавӣ муддати тӯлонӣ ба душман муқовимат нишон дода, намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва фидокорӣ мебошад.
Зимни муҳокима иштирокчиён доир ба мазмуну муҳтавои асар, хислатҳои қаҳрамонӣ, шуҷоат, садоқат ба Ватан ва аҳамияти тарбиявии он андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки мутолиаи чунин асарҳои пурмуҳтаво дар тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми маҳфил зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар доираи маҳфили «Бардошти маънӣ» минбаъд низ идома ёфта, ба баланд гардидани фарҳанги мутолиа ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии кормандон мусоидат менамояд.