9 январи соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара…
9 январи соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи баргузории ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Хадамот дар соли ҷорӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, маълумоти таҳлилӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, тадбирҳои андешидашуда дар доираи “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамот”, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди махсуси назди сардори Хадамот, ҷараёни татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздорон, таҳлили вазъи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии масъалаҳо вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро пешниҳод гардида, гузоришҳои муовинони сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ доир ба самтҳои фаъолият шунида шуданд.
Дар иртибот ба масъалаи якуми рӯзнома гузориши муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода Абдураҳим шунида шуда, зикр гардид, ки фаъолияти Хадамот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро назаррас буда, дар ин давра иҷрочиёни Хадамоти иҷро салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 42 984 истеҳсолотҳои иҷрои дар соли 2025 оғозшуда истифода бурда, аз ин иҷрои 35 873 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 95,6% ба маблағи 223 043 477 сомонӣ, 679 717 доллари ИМА, 14 040 668 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 365 512 рубли Федератсияи Россия, 5 122 соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 22 175 рубли Ҷумҳурии Белорус ва 11 265 евро таъмин карда шудааст.