Имрӯз, 7-уми апрели соли 2026 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди шарҳу омӯзиш қарор гирифт.
Сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода атрофи “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хусусан моддаҳои 12, 13, 14-ро шарҳу тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва тақлид ба фарҳангҳои бегона ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Муовини якуми сардори саридора Исомуддин Холзода дар мавриди мавзуъҳои мулоқот андешаҳояшро баён карда, ба иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид кард. Аз кормандон даъват карда шуд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ, тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда, пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.