РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
13-уми ноябри соли 2026 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи рамзии тақдими нишони сарисинагӣ бо акси Сарвари давлат баргузор шуд.
Дар оғози ҷаласа сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва оғози марҳилаи нави рушди кишвар нақши сарнавиштсоз дорад.
Зикр гардид, ки маҳз дар ин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, масъулияти роҳбарии давлатро дар шароити ниҳоят мураккаб ба зимма гирифтанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки соҳаи геология ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар омӯзиш ва арзёбии сарватҳои зеризаминӣ, муайян намудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва таҳкими иқтидори ашёи хоми минералии кишвар нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, кормандони соҳа бояд бо масъулияти баланди касбӣ ва истифодаи донишҳои муосир дар рушди минбаъдаи он саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ» Беҳрӯз Шарифзода ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Саридораи геология Маъруфзода Дилноза дар бораи нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва рушди кишвар, корномаҳои Пешвои миллат - мактаби ибрат, роҳнамои ҷавонон ва омили таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, инчунин аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо ироа намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки эҳтиром ба арзишҳои истиқлолу озодӣ, ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Маркази матбуот