ГЕОЛОГИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ: КОНФРОНСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ГУЛИСТОН
22-23-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалии «Нақши геология дар рушди саноати кишвар» ва Конфронси IX байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» баргузор гардиданд.
Ҳадафи асосии чорабиниҳо баррасии нақши соҳаи геология дар рушди саноати миллӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ мебошад.
Дар кори конфронсҳо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони ширкати байналмилалии «Майкромайн», намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, корхонаҳои соҳаи кӯҳӣ, инчунин мутахассисони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳо тақрибан 200 нафар намоянда аз нӯҳ давлат — Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва мизбон-Тоҷикистон иштирок карданд.
Конфронсҳоро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ба аҳаммияти соҳаи геология дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноати кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи геология дар омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, муайян намудани захираҳои минералӣ ва арзёбии иқтидори ашёи хоми мамлакат саҳми назаррас гузоштааст. Захираҳои минералӣ яке аз омилҳои муҳими рушди саноати кӯҳӣ, металлургия ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши ҳамаҷониба ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳаммияти стратегӣ дорад.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки рушди соҳаи геология бе истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои инноватсионии коркарди маълумот ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, рақамикунонии равандҳои геологӣ, истифодаи барномаҳои махсусгардонидашуда ва ҷорӣ намудани усулҳои нави моделсозӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ба шумор мераванд.
«Яке аз самтҳои муҳими рушди соҳа рақамикунонии равандҳои геологӣ мебошад. Истифодаи барномаҳои махсус имкон медиҳад, ки маълумоти геологӣ ба таври муназзам ҷамъоварӣ ва коркард гардида, моделҳои сеченакаи конҳо таҳия, захираҳои минералӣ арзёбӣ ва корҳои кӯҳӣ бо самаранокии бештар ба нақша гирифта шаванд», — иброз дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла имкониятҳои барномаи «Майкромайн» барои баланд бардоштани дақиқии ҳисоб, сарфаи вақт, беҳтар намудани сифати қарорҳои техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии корҳои геологию иктишофӣ мусоидат менамояд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили маълумоти геологӣ ва моделсозии конҳо низ яке аз самтҳои ояндадори рушди соҳа арзёбӣ гардид.
Сипас, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарону намояндагони ширкати байналмилалии «Майкромайн» зимни суханрониҳои худ доир ба аҳаммияти рушди соҳаи геология, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои пешрафта дар саноати кӯҳӣ андешаҳояшонро баён намуданд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди соҳаи геология, омӯзиши захираҳои табиӣ ва таҳкими заминаи ашёи хоми саноати миллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони ширкати байналмилалии «Майкромайн» оид ба фаъолияти ширкат, имкониятҳои технологӣ ва таҷрибаи истифодаи роҳҳалҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар баромадҳо имкониятҳои барномаҳои махсусгардонидашуда дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти геологӣ, моделсозии сеченакаи конҳо, ҳисобу баҳодиҳии захираҳои канданиҳои фоиданок ва банақшагирии корҳои кӯҳӣ шарҳ дода шуданд.
Дар бахши илмии конфронс маърузаҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла аҳаммияти пойгоҳи маъданию ашёи хом дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ шунида шуданд.
Ҳамчунин, доир ба раванди татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақши он дар таҳкими заминаи ашёи хоми саноат, рушди корҳои геологию иктишофӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар доираи чорабиниҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар фаъолияти амалии соҳа низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки ба таҳкими робитаҳои касбӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳанд кард.
Иштирокдорони конфронс дар доираи барномаи фарҳангии чорабинӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.
Баргузории ин конфронсҳои байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби технологияҳои муосир, табодули таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи геология заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, чорабиниҳо ба татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, рушди саноати кӯҳӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ мусоидат менамоянд.
Маркази матбуот