САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГӢ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИДАНД
23-юми октябри соли 2026 байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дар самти таҳқиқоти илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ ба имзо расид.
Шартномаи мазкурро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода имзо намуданд.
Ҳадафи асосии ин ҳамкорӣ таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ ва технологӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ мебошад. Дар маросими баимзорасонӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ, рақамикунонии равандҳои геологӣ, арзёбии захираҳои канданиҳои фоиданок, истифодаи технологияҳои муосир дар омӯзиш ва коркарди конҳо, инчунин густариши ҳамкории амалии байни муассисаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ барои таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи геология заминаи нав фароҳам меорад. Ҳамкории мазкур инчунин метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа, истифодаи самараноки захираҳои минералӣ ва рушди иқтидори илмӣ-техникии кишвар саҳми назаррас гузорад.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар буда, аз рӯи 43 ихтисос мутахассисонро омода менамояд. Тақвияти ҳамкорӣ бо чунин муассисаи таълимӣ барои таъмини соҳаи геология бо кадрҳои соҳибтахассус ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази матбуот