ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГӢ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «МАКРОМАЙН» ИФТИТОҲ ГАРДИД
23-юми октябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии илмию амалии «Саҳми геология дар саноатикунонии босуръати кишвар» ва Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» Маркази таълимии «Макромайн» ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи марказ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори генералии ширкати «Майкромайн» дар Осиёи Марказӣ Ҷасхан Байров, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат, ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди МД ДБССТ Бахтиёр Маҳмадалӣ, инчунин намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ, идораҳо ва корхонаҳо иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки таъсиси маркази мазкур барои рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва геология, инчунин густариши робитаҳои касбӣ миёни истифодабарандагони барномаи «Макромайн» ва таҳиягарони он заминаи мусоид фароҳам меорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Маркази таълимии «Макромайн» дар оянда ба яке аз марказҳои муҳими омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо миёни мутахассисони соҳа дар минтақа табдил хоҳад ёфт.
Маркази матбуот