
Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти геологии Тоҷикистонро Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, ки 28 июни соли 1938 дар асоси фармони № 275-и Саридораи геологии Комиссариати халқии саноати вазнини ИҶШС, дар заминаи гурӯҳҳо ва дастаҳои саҳроии Экспедитсияи Тоҷикистону Помир ва як қисми Трести геологии Осиёи Миёна таъсис дода шудааст. Омӯзиши геологии ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX оғоз гардида буд. Асоси таҳқиқоти мунтазами ин сарзаминро геологи маъруфи рус И. В. Мушкетов гузоштааст. Асарҳои классикии И. В. Мушкетов — «Туркистон» ва «Харитаи геологии сарзамини Туркистон» дар тӯли чандин даҳсола ҳамчун дастури роҳнамо барои геологҳои муҳаққиқи Осиёи Миёна хизмат мекарданд.