19 майи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Алиқул Осмонов мулоқоти дуҷонибаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мамбеталиев…
19 майи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Алиқул Осмонов мулоқоти дуҷонибаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо
вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мамбеталиев Мирбек Кемелович баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои театр, мусиқӣ, кино, маориф, осорхона ва китобдорӣ зоҳир карда шуд.