Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷаҳои даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ,…
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷаҳои даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, инчунин муовини Вазири фарҳанг ва дигар аъзои комиссия иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дар даври якуми озмун дар саросари кишвар 6245 нафар аз рӯи панҷ номинатсия иштирок намуда, аз ин шумора 2677 нафар ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.
Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастшуда, дар ВМКБ 320 нафар, вилояти Суғд 632 нафар, вилояти Хатлон 896 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва шаҳри Душанбе 408 нафар ба даврҳои минбаъдаи озмун роҳ ёфтанд.
Иштирокдорони ҷаласа таъкид намуданд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди фарҳангу санъат ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ миёни наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.