Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Директори Кумитаи байналмилалии Делфиӣ Владимир Понявин баргузор гардид. Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии паҳлуҳои калидии ташкили Бозиҳои ХХ ҷашнии Делфиии ҷавонони кишварҳои ИДМ гардид, ки моҳи октябри соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон доир мешаванд.
«Мулоқотҳои пайвастаи мо барои густариши ҳаракати Делфӣ дар ҳудуди Ҳамсуд таҳкурсии мустаҳкам гардидаанд. Мо тасмим дорем, ки аз ҷараёни ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки тавассути ҳамоишҳои охирини банйалмилалӣ дар шаҳри Душанбе ба вуҷуд омадааст, самаранок истифода барем ва Бозиҳои ҷашниро дар сатҳи олии давлатӣ доир намоем. Ҳадафи асосии мо — тантанаи касбият ва сифати баланд аст», — изҳор дошт Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.
Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин низ дар навбати худ ба роҳбарияти кишвар барои меҳмоннавозии гарм ва дидгоҳи стратегӣ дар самти тавсеаи лоиҳа изҳори сипос намуд.
«Мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарпарастии баланди давлатӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳаракати Делфӣ миннатдории амиқ баён мекунем. Душанбе аллакай маротибаи дуюм аст, ки пойтахти Бозиҳо мегардад ва омодагии комили худро барои баромад кардан ҳамчун майдони умумиҷаҳонии чорабиниҳо нишон медиҳад. Ташаббусҳои созандаи ҷониби Тоҷикистон оид ба мукаммалсозии барномаҳо заминаи боэътимодро ба вуҷуд меоранд, то ин Бозиҳо саҳифаи дурахшони навро дар таърихи ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ сабт намоянд», — хулоса намуд Владимир Понявин.
Ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодасозии инфрасохтор, низоми логистикӣ ва корпуси ихтиёриён, ки амалисозии онҳо пас аз тасдиқи расмии Низомномаи Бозиҳо оғоз меёбад, муфассал баррасӣ намуданд. Музокироти анҷомёфта бори дигар собит сохт, ки шаҳри Душанбе рисолати худро ҳамчун маркази бонуфузи фарҳангии Иттиҳоди ДавлатҲои Мустақил бомуваффақият иҷро менамояд.
Баргузории Бозиҳои ХХ Делфиии ҷавонон дар ин замина, гувоҳи дигаре аз омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини сатҳи баланди ташкилии лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.