Аз 5 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Климовичи вилояти Могилёв, Ҷумҳурии Беларус Фестивали XXIV байналмилалии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Золотая пчёлка» (Занбури тиллоӣ) баргузор мегардад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин Фестивал намояндагони…
Аз 5 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Климовичи вилояти Могилёв, Ҷумҳурии Беларус Фестивали XXIV байналмилалии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Золотая пчёлка» (Занбури тиллоӣ) баргузор мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин Фестивал намояндагони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» ва «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев» фарҳангу санъати халқи тоҷикро шоиста муаррифӣ менамоянд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон