Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 25 то 29 майи соли 2026 баргузор мегарданд, рӯзи 26 майи соли 2026, соати 17:00 дар Кохи Борбад маросими расмии ифтитоҳ баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии ин шом консерти бошукӯҳи оркестри «Фонограф-Симфо-Ҷаз» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия Сергей Жилин ва ҳунарнамоии гурӯҳи машҳури балети «Тодес» пешбинӣ гардида, беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва хореографияи муосири Россия манзури ҳаводорони санъат карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинӣ намоиши мусаввараҳои рассомони Федератсияи Россия ташкил гардида, дӯстдорони фарҳанг ва санъат метавонанд бо намунаҳои тозаи эҷодиёти рассомони рус аз наздик шинос шуданд.
Дар маросими ифтитоҳ вазирони фарҳанги ду кишвар, намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар, илму адаб, доираҳои эҷодӣ, инчунин меҳмонони расмӣ иштирок намуданд .
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими равобити фарҳангиву гуманитарӣ, густариши ҳамкориҳои эҷодӣ ва рушди муносибатҳои дӯстонаву шарикии стратегии миёни ду давлат мусоидат менамоянд.