Бозиҳои XX ҷавонони Делфии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – Бозиҳо) бо мақсади рушди минбаъдаи амалии Бозиҳои Делфӣ ҳамчун форуми олии санъат, мусоидат ба рушди касбии ходимони ҷавони фарҳанг, таҳкими робитаҳо байни кишварҳо, ташвиқи муколамаи байнифарҳангӣ, такмили шаклҳои тарбияи эстетикӣ ва таҳсилоти бадеӣ, мусоидат ба ҳифз ва рушди фарҳангҳои миллӣ, густариши ҳамкории ҷавонон, зиёиёни эҷодкор ва муассисаҳои таълимии кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи гуманитарӣ, рушди сайёҳии рӯйдодӣ ва соҳаҳои эҷодӣ баргузор мегарданд.
Ташкил ва баргузории Бозиҳоро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалӣ менамояд.
Роҳбарии омодагӣ ва баргузории Бозиҳоро Кумитаи тадорукот (минбаъд – Кумитаи тадорукоти Бозиҳо) ба зимма дорад.
Бо мақсади омодагӣ ва баргузории Бозиҳо Гурӯҳи корӣ (минбаъд – Гурӯҳи кории Бозиҳо) таъсис дода мешавад.
Бозиҳо аз 5 то 9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Гурӯҳи кории Бозиҳо аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи коршиносони Делфӣ (бо мувофиқа) ташкил карда мешавад.
Гурӯҳи кории Бозиҳо бо мувофиқаи Кумитаи байналмилалии Делфӣ (қароргоҳ дар шаҳри Москва):
Низомномаи Бозиҳоро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
Шӯрои экспертиро ташкил медиҳад, ки ба ҳайати он мутахассисони дорои таҷрибаи омодагӣ ва баргузории Бозиҳои Делфӣ ва таҷрибаи омӯзгорӣ шомил гардида, бо мақсади тасдиқи талаботи барномавӣ ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба баромадҳо ва корҳои иштирокчиёни Бозиҳо фаъолият менамоянд;
кишварҳо ва ташкилотҳои манфиатдорро, ки хоҳиши иштирок дар Бозиҳоро доранд, бо маълумоти пурра ва саривақтӣ таъмин менамояд;
ташкил ва баргузории Бозиҳоро амалӣ менамояд;
ҳайати ҳакамонро дар асоси Низомномаи мазкур ва Тартиби ташкил ва фаъолияти ҳайати ҳакамони Бозиҳо ташаккул дода, раисони ҳайати ҳакамонро тасдиқ менамояд;
ҷамъоварӣ ва коркарди дархостҳоро таъмин намуда, даъватномаҳоро ирсол менамояд;
барномаҳои иштирокчиён (аз ҷумла барномаҳо аз рӯйи номинатсияҳо), меҳмонон ва ҳайати ҳакамонро таҳия менамояд.
Бозиҳо мутобиқи Низомномаи Бозиҳои XX ҷавонони Делфии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – Низомнома) баргузор мегарданд, ки он дар асоси Муқаррароти консептуалӣ оид ба баргузории Бозиҳои Делфӣ (байналмилалӣ) ва Бозиҳои ҷавонони Делфӣ (байналмилалӣ), ки дар Иҷлосияи Кумитаи байналмилалии Делфӣ 6 феврали соли 2004 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Низомнома ҳуҷҷати асосие мебошад, ки тартиб ва шартҳои баргузории Бозиҳоро муайян менамояд.
Забони кории Бозиҳо русӣ мебошад.
Барномаи озмунӣ аз номинатсияҳои зерин иборат аст:
фортепиано;
скрипка;
санъати тасвирӣ;
сарояндагии академӣ;
сарояндагии яккаи халқӣ;
сарояндагии эстрадӣ;
рақси халқӣ.
Барномаи фестивалӣ аз номинатсияҳои зерин иборат аст:
созҳои халқӣ;
созҳои нафасӣ;
ҳунарҳои бадеии мардумӣ.
Мусобиқаҳо мутобиқи Талаботи барномавии барномаҳои озмунӣ ва фестивалии Бозиҳо (минбаъд – Талаботи барномавӣ) баргузор мегарданд.
Талаботи барномавӣ ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба баромадҳо ва корҳои иштирокчиёни Бозиҳо дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон https://egov.tj/site/farhang-tjk/about?lang=ru на дертар аз 110 рӯз то оғози Бозиҳо ҷойгир карда мешаванд.
Гурӯҳҳои синнусолии иштирокчиён дар Талаботи барномавӣ нишон дода шудаанд.
Гурӯҳи корӣ метавонад бо мувофиқаи Кумитаи байналмилалии Делфӣ ба барномаҳои озмунӣ ва фестивалӣ ва Талаботи барномавии Бозиҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд.
Ба иштирокчиёни Бозиҳо вақти машқ кафолат дода мешавад.
Навбати баромади иштирокчиён тавассути қуръакашӣ муайян карда мешавад.
Мусобиқаҳо аз рӯйи номинатсияҳо ба таври оммавӣ баргузор мегарданд.
Баромадҳо ва корҳое, ки ба Талаботи барномавӣ мутобиқат намекунанд, метавонанд аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда нашаванд. Дар сурати вайрон намудани талабот иштирокчӣ метавонад ба давр/марҳилаи озмун роҳ дода нашавад ва ғайра.
Барномаи намунавии Бозиҳо
Сана (вақт) | Чорабиниҳо |
05.10.2026 (с 08:00) | Омадан, бақайдгирӣ ва аккредитатсияи ҳайатҳои намояндагӣ |
05 – 06.10.2026 | Машғулиятҳо ва тамринҳо |
06.10.2026 | Маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои XX ҷавонони Делфии давлатҳои иштирокчии ИДМ |
06 – 08.10.2026 | Барномаҳои озмунӣ ва фестивалии Бозиҳо, маросими ҷоизасупорӣ |
08.10.2026 | Конфронси байналмилалӣ, барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ |
08.10.2026
| Маросими расмии пӯшидашавии Бозиҳои XX ҷавонони Делфии давлатҳои иштирокчии ИДМ, консерти бошукӯҳ (гала-консерт). |
09.10.2026 (до 18:00) | Гусели ҳайатҳои намояндагӣ |
Иштирокчиёни Бозиҳо метавонанд намояндагони давлатҳои иштирокчии ИДМ бошанд, ки ба ҳайатҳои намояндагии кишварҳо шомил гардидаанд.
Иштирокчиёни номинатсияҳо метавонанд дастаҳои эҷодӣ ва иҷрокунандагони якка (инфиродӣ) бошанд (мутобиқи Талаботи барномавӣ), ки ба ҳайати ҳайати намояндагии кишваре, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда дархост пешниҳод намудааст, шомил карда шудаанд.
Шумораи иҷрокунандагон аз ҳар як кишвар (иҷрокунандагони якка (инфиродӣ) ва дастаҳо) дар як гурӯҳи синнусолии ҳар як номинатсия набояд аз панҷ нафар зиёд бошад.
Синну соли иштирокчиён ба ҳолати 08.10.2026 бояд қатъиян ба меъёрҳои синнусолии дар Талаботи барномавӣ зикршуда мувофиқат намояд.
Иштироки такрорӣ дар Бозиҳои Делфӣ иҷозат дода мешавад.
Як иштирокчӣ (иҷрокунандаи якка ё дастаи эҷодӣ) наметавонад дар ду номинатсия иштирок намояд.
Масъулият барои вайрон намудани талаботи синнусолӣ, таҳрифи маълумоти тарҷумаиҳолии иштирокчиён дар дархостҳо, риоя накардани Талаботи барномавӣ, ки боиси аз иштирок дар барномаҳои озмунӣ ё фестивалии Бозиҳо маҳрум гардидани иштирокчиён мегардад, ба зиммаи ҷониби фиристанда, роҳбари ҳайати намояндагӣ ва иштирокчиёне, ки талаботро вайрон намудаанд, вогузор мегардад.
Ба ҳайати намояндагӣ иштирокчиёни Бозиҳо ва шахсони ҳамроҳкунанда дохил мешаванд.
Иштирокчиёни Бозиҳо:
роҳбари ҳайати намояндагии эҷодӣ (1 нафар);
роҳбари ташкилоти миллии Делфии кишвар ё нозири Кумитаи байналмилалии Делфӣ (то 2 нафар);
иштирокчиёни номинатсияҳо;
консертмейстерҳо (агар ҳамроҳии мусиқӣ тибқи Талаботи барномавӣ пешбинӣ шуда бошад, вале на бештар аз 1 консертмейстер барои як иҷрокунанда);
роҳбарони дастаҳои рақсӣ (на бештар аз 1 нафар барои ҳар як даста);
иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ;
дигар гурӯҳҳо (омӯзгорон, балетмейстерҳо – дар ҳолати зарурат ва бо мувофиқаи алоҳида).
Шахсони ҳамроҳкунанда: намояндагони воситаҳои ахбори омма, волидон, гурӯҳҳои дастгирӣ ва ғайра.
Шумораи ҳайати намояндагӣ (квота) – то 30 нафар.
Гурӯҳи корӣ бо дархости Кумитаи байналмилалии Делфӣ ҳуқуқ дорад квотаро тағйир диҳад.
Аъзои ҳайати намояндагӣ, ки аз квотаи муқарраршуда зиёд мебошанд ва шахсони ҳамроҳкунанда тибқи шартҳои барои ин гурӯҳҳо дар фасли «Шартҳои будубоши ҳайатҳои намояндагӣ» пешбинишуда қабул карда мешаванд.
Ҳангоми ташаккули ҳайати намояндагӣ бояд принсипи иштирок дар аксари номинатсияҳо ба роҳбарӣ гирифта шавад.
Ҳайати ҳакамон аз рӯйи ҳар як номинатсияи барномаҳои озмунӣ ва фестивалии Бозиҳо мутобиқи Тартиби ташаккул ва фаъолияти ҳайати ҳакамони Бозиҳо ташкил карда мешавад.
Ба ҳайати ҳакамон ходимон ва кормандони намоёни соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, ҳайати профессорону омӯзгорон, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои касбӣ – намояндагони кишварҳои иштирокчии Бозиҳо шомил мешаванд.
Ҳайати ҳакамонро раис роҳбарӣ менамояд.
Корҳои ташкилию техникии ҳайати ҳакамонро котиби масъул амалӣ менамояд.
Қарорҳои ҳайати ҳакамон ниҳоӣ буда, мавриди бозбинӣ қарор дода намешаванд.
Ба иштирокчиёне, ки ба Бозиҳо омада, дар озмунҳо иштирок намудаанд (иҷрокунандагони якка (инфиродӣ) ва дастаҳои эҷодӣ, инчунин ба ҳар як узви даста), Шаҳодатномаи иштирокчии Бозиҳо супорида мешавад.
Ҳайати ҳакамон дар ҳар як гурӯҳи синнусолии номинатсияҳои озмунӣ ва фестивалии Бозиҳо лауреатҳо – дорандагони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ (ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм)-ро муайян менамояд.
Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад дар ҳар як гурӯҳи синнусолии номинатсияҳои озмунӣ ва фестивалии Бозиҳо то се иштирокчиро бо дипломҳои махсус сарфароз гардонад.
Таъсиси ҷоизаҳои иловагӣ аз ҷониби Гурӯҳи корӣ то оғози мусобиқаҳо аз рӯйи номинатсияи дахлдор бо Кумитаи байналмилалии Делфӣ мувофиқа карда мешавад.
Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар Маркази матбуот аккредитатсия шудаанд, маълумоти расмӣ оид ба Бозиҳо (дар маҳалли баргузорӣ ва тавассути воситаҳои алоқа) пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи Бозиҳо Конфронси байналмилалӣ (минбаъд – Конфронс) баргузор мегардад.
Мавзӯъҳои асосии Конфронс:
«Бозиҳои Делфӣ – воситаи муассири дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии рӯйдодӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»;
«Санъат ва зеҳни сунъӣ: имкониятҳо ва мушкилот».
Барои иштирок дар кори Конфронс зарур аст, ки то 14.08.2026 ҳамзамон бо пешниҳоди дархост (нигаред ба фасли «Дархостҳо барои иштирок») маълумотнома-тавсифномаи иштирокчии Конфронс ва маводи маърӯза ба суроғаи почтаи электронии delphic.dushanbe@mail.ru ирсол карда шавад. Дар мавзӯи мактуб бояд чунин навишта шавад: «Дархост барои иштирок дар Конфронс аз ҷониби ______ (номи кишвар)».
Дар асоси натиҷаҳои баррасии мавод Гурӯҳи кории Бозиҳо иштирокчиёнро барои иштироки ҳузурӣ дар Конфронс дар ҳайати ҳайати намояндагии кишвар даъват менамояд. Бо ин мақсад то 26.08.2026 ба шахси масъули ташаккули ҳайати намояндагӣ тавассути почтаи электронӣ Даъватнома барои иштироки ҳайати намояндагӣ дар Бозиҳо ирсол карда мешавад.
Барои иштирок дар Конфронс ташкилкунандагон коршиносонро даъват менамоянд.
Ташкилкунандагон инҳоро таъмин менамоянд:
пешвозгирӣ ва гусели ҳайатҳои намояндагӣ дар шаҳри Душанбе;
интиқол: фурудгоҳ/истгоҳи роҳи оҳан – меҳмонхона – фурудгоҳ/истгоҳи роҳи оҳан, меҳмонхона – ҷойҳои баргузории номинатсияҳо ва маросимҳо – меҳмонхона;
ҷойгиронӣ дар меҳмонхонаҳои шаҳр;
севақта таъмин намудан бо хӯрок;
пешниҳоди майдонҳо барои машқҳо ва баргузории барномаҳои озмунӣ ва фестивалӣ;
маҳсулоти туҳфавӣ;
барномаи сайёҳӣ.
Хароҷоти хӯрок, ҷойгиронӣ, интиқол, пешвозгирӣ ва гусели ҳайатҳои намояндагӣ, инчунин коршиносоне, ки аз ҷониби ташкилкунандагон барои иштирок дар Конфронс ба шаҳри Душанбе даъват шудаанд (аз соати 08:00-и 05.10.2026 то соати 18:00-и 09.10.2026), аз ҷониби кишвари қабулкунанда пардохт карда мешавад.
Хароҷоти будубош дар Бозиҳо барои аъзои ҳайатҳои намояндагӣ (иштирокчиён), ки аз квота зиёд мебошанд ва шахсони ҳамроҳкунанда, ба андозаи муайяннамудаи Гурӯҳи кории Бозиҳо бо мувофиқаи Кумитаи байналмилалии Делфӣ то 14.08.2026, аз ҷониби ҳайатҳои намояндагӣ пардохт карда мешавад.
Ҳангоми то соати 08:00-и 05.10.2026 омадани ҳайатҳои намояндагӣ ва ё баъд аз соати 18:00-и 09.10.2026 рафтани онҳо, хароҷоти ҷойгиронӣ ва хӯрок аз ҷониби ҳайатҳои намояндагӣ тибқи нархҳо ва тарофаҳои ҷойҳои ҷойгиронӣ ба таври иловагӣ пардохт карда мешавад.
Ташкилкунандагон иштирокчиёни Бозиҳо ва шахсони ҳамроҳкунандаро бо ягон намуди суғурта таъмин намекунанд.
Пас аз расидан ба шаҳри Душанбе ҳамаи аъзои ҳайати намояндагӣ бояд аз қайд ва аккредитатсия гузаранд.
Ташкилкунандагон барои ҷароҳатҳое, ки аъзои ҳайатҳои намояндагӣ дар давраи будубош дар Бозиҳо мегиранд, инчунин барои гум шудан ва осеб дидани молу мулк масъулият надоранд.
Аъзои ҳайатҳои намояндагӣ бо иштироки худ, инчунин намояндагони қонунии аъзои ноболиғи ҳайатҳои намояндагӣ бо иштироки шахсони таҳти васояти худ тасдиқ менамоянд, ки аъзои ҳайатҳои намояндагӣ барои иштирок дар Бозиҳо зиддиятҳои тиббӣ надоранд.
Дар ҳолати зарурат, аъзои ҳайатҳои намояндагӣ бояд маълумотнома дар бораи вазъи мусоиди санитарию эпидемиологии маҳалли зист пешниҳод намоянд. Дар ин бора ташкилкунандагон бояд шахсони масъули ташаккули ҳайатҳои намояндагӣ дар кишварҳоро на дертар аз 20 рӯз то оғози Бозиҳо огоҳ намоянд.
Дар марҳилаи аввалини ташаккули дархост шахси масъул аз ҷониби кишвар ҳамкории ташкилию методиро бо Кумитаи байналмилалии Делфӣ амалӣ менамояд.
Дархости кишвар барои иштирок дар Бозиҳо тибқи шакли муқарраршуда (Замимаи № 1) таҳия гардида, то 14.08.2026 ба Гурӯҳи кории Бозиҳо тавассути суроғаи почтаи электронии delphic.dushanbe@mail.ru (бо назорати гирифтани он) пешниҳод карда мешавад.
Дар мавзӯи мактуб бояд чунин навишта шавад: «Дархост барои иштирок дар Бозиҳои XX ҷавонони Делфии ИДМ аз ҷониби ____________ (номи кишвар)».
Гурӯҳи корӣ дархостро баррасӣ намуда, то 26.08.2026 тавассути почтаи электронӣ Даъватнома барои иштироки ҳайати намояндагӣ дар Бозиҳоро ирсол менамояд.
Иваз намудани иштирокчиён бо сабабҳои узрнок то 28.09.2026 иҷозат дода мешавад. Пас аз муҳлати зикршуда ба дархост тағйирот ворид карда намешавад.
Шахси болиғе, ки ният дорад дар ҳама гуна мақом дар омодагӣ ва баргузории Бозиҳои Делфӣ иштирок намояд, ё намояндаи қонунии шахси ноболиғе, ки ният дорад дар ҳама гуна мақом дар омодагӣ ва баргузории Бозиҳо иштирок кунад, бо пешниҳоди маълумоти шахсии худ (минбаъд – МШ) ё маълумоти шахсии ноболиғе, ки намояндаи қонунии ӯ мебошад, ба ташкилкунандагони Бозиҳо барои коркарди маълумоти шахсии худ ё маълумоти шахсии ноболиғе, ки намояндаи қонунии ӯ мебошад, аз ҷумла маълумоти шахсие, ки барои паҳн намудан иҷозат дода шудаанд, розигӣ медиҳад.
Дархостҳо барои аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма то 21.09.2026 ба Гурӯҳи кории Бозиҳо пешниҳод карда мешаванд.
То 03.08.2026 ба Гурӯҳи кории Бозиҳо бояд маълумоти тамосии шахси масъул оид ба ташаккули ҳайати намояндагӣ аз ҷониби кишвар ирсол карда шавад.
Ҳайатҳои намояндагие, ки Даъватнома барои иштирок дар Бозиҳоро гирифтаанд, бояд маълумотро дар бораи омадан ва рафтани ҳайати намояндагӣ пешниҳод намоянд. Бо ин мақсад шахси масъул оид ба ташаккули ҳайати намояндагӣ аз ҷониби кишвар бояд то 18.09.2026 шакли дахлдорро (Замимаи № 2) бо маълумоти зарурӣ пур намояд (бо нишон додани рақами парвоз/рақами қатора ва вагони он, сана ва вақти омадан ва рафтани ҳайати намояндагӣ).
Роҳбари ҳайати намояндагие, ки ба Бозиҳо меояд, бояд Даъватнома барои иштироки ҳайати намояндагӣ дар Бозиҳо ва рӯйхати аъзои ҳайати намояндагиро бо нишон додани насаб ва ном (бе ихтисорот), рақамҳои шиносномаҳо (ё шаҳодатномаҳои таваллуд), суроғаҳои ҷойи истиқомат дошта бошад. Рӯйхат бояд аз ҷониби ҷониби фиристанда тасдиқ карда шавад.
Ҳамаи аъзои ҳайати намояндагӣ бояд бо худ шиноснома (ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият) дошта бошанд.
Аъзои ҳайатҳои намояндагӣ бо иштироки худ, инчунин намояндагони қонунии аъзои ноболиғи ҳайатҳои намояндагӣ бо иштироки шахсони таҳти васояти худ, Низомномаи мазкурро бечунучаро ва пурра қабул намуда, ба Кумитаи байналмилалии Делфӣ розигӣ медиҳанд, ки онҳо ё шахсони таҳти васояташон дар ҷараёни Бозиҳо ба навори кино, телевизион ё дигар воситаҳо сабт карда шаванд, аксбардорӣ гарданд, сабти аудиоӣ гирифта шавад ва минбаъд маводи кино, телевизион, видео, акс, аудио ва дигар маводи бадастомада, инчунин ном, симо ва асарҳои иштирокчиён, аз ҷумла барои таҳияи маводи рекламавӣ, тавассути намоиш ва иҷрои оммавӣ, пахш ва бознашр дар воситаҳои ахбори омма ва Интернет, нусхабардорӣ ва дигар шаклҳо бо мақсади рушди Бозиҳои Делфӣ истифода карда шаванд.
Ҳамзамон онҳо розигӣ медиҳанд, ки ҳамаи ҳуқуқҳо ба мавод ва объектҳои дар боло зикршуда ба Кумитаи байналмилалии Делфӣ тааллуқ дошта, дар тамоми қаламрави ҷаҳон бе маҳдудияти муҳлат ва бе пардохти ҳаққи қалам, маблағҳои ҷубронӣ ва дигар намудҳои пардохт истифода бурда шаванд.
Аъзои ҳайатҳои намояндагӣ бо иштироки худ ва иштироки шахсони таҳти васояташон кафолат медиҳанд, ки онҳо ё шахсони таҳти васояташон ҳуқуқи истифодаи асарҳо, корҳои эҷодӣ ва дигар объектҳои пешниҳодшавандаро доранд.
Ҳамаи муносибатҳои вобаста ба ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо ҷамъиятҳои муаллифӣ, ташкилотҳо ва шахсони дигар аз ҷониби аъзои ҳайатҳои намояндагӣ ё намояндагони қонунии онҳо мустақилона ба танзим дароварда мешаванд.
Гурӯҳи кории Бозиҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34
Тел.: (992 37) 221-34-01, (992 37) 223-04-72, (992 37) 227-46-87
Суроғаи почтаи электронӣ: delphic.dushanbe@mail.ru
Сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://egov.tj/site/farhang-tjk