Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон 18 майи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А. Осмонов ҳамоиши илмӣ-адабии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони ҳайати дипломатӣ, нависандагону шоирони маъруф, олимон, адабиётшиносон, инчунин намояндагони аҳли илму эҷоди ду кишвар иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки мероси адабии Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов дар фазои фарҳангии Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва арзишҳои инсонгароёна хизмат мекунад. Қайд шуд, ки осори ин абармардони сухан саршор аз ғояҳои дӯстии халқҳо, ваҳдати маънавӣ, эҳтиром ба инсон ва муколамаи фарҳангҳо мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин иброз доштанд, ки асарҳои Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов то имрӯз наслҳо ва мардумонро ба ҳам мепайванданд ва аз рисолати баланди адабиёт дар таҳкими сулҳ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила ёдовар мешаванд. Ба аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо миёни доираҳои илмӣ, адабӣ ва эҷодии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи ҳамоиши илмӣ-адабӣ суханрониҳои нависандагони халқӣ, шоирон, олимон ва намояндагони ҷомеаи адабии ду кишвар доир ба мероси эҷодии Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов, инчунин масъалаҳои рушди муколамаи фарҳангӣ дар минтақа баргузор шуданд.