Таҳкиму тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус пайваста вусъат меёбанд. Дар ин доира, бо…
Таҳкиму тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус пайваста вусъат меёбанд.
Дар ин доира, бо мақсади густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Тоҷикистону Белорус аз 24-уми апрел то 1 майи соли 2026 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Минск, Витебск ва Молодечнои Ҷумҳурии Белорус баргузор мегарданд.
Барномаи Рӯзҳои фарҳанг фарогири консерти устодони санъат, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон, намоиши мусавварраҳои рассомони тоҷик ва либосҳои миллӣ мебошад.