Имрӯз, 07 апрели соли 2026 дар бинои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.
Чуноне дар суханронии худ муовини вазири фарҳанг, Шоири халқии тоҷикистон- Сафарзода Д.Ш қайд намуд, ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва бо мақсади иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», инчунин дигар барнома ва стратегияҳои давлатӣ баргузор карда шуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини амният, суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва паёмҳои худ пайваста ба зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар муқобили зуҳуроти номатлуб таъкид менамоянд.
Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат дар доираи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040 низ роҳандозӣ гардида, он ба таҳкими низоми миллии амният, рушди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии радикализатсия, бахусус миёни ҷавонон, инчунин тақвияти нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фазои солими иттилоотӣ равона шудааст.
Дар кори ҳамоиш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар (модератор), намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раёсату шуъбаҳои вазорат, муассисаҳои зертобеи вазорат ва намояндаи Прокуратураи генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ метавонанд дар пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, ташаккули афкори солими ҷомеа ва ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши калидӣ бозанд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ, истифодаи усулҳои муосири иттилоотӣ ва тақвияти корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти фаъолияти муштарак дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ менамояд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таҳкими мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳад кард.