Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар - тренинги навбатии омӯзишӣ вобаста ба бақайдгирии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ВМКБ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Мирзомудинзода Гулдаста, муовини раиси ноҳияи Дарвоз, намояндагони бахшҳои фарҳанг, роҳбарони осорхонаҳо ва нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар кори семинар намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили бақайдгирии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ маъруза намуданд.
Дар охир музокира ва пешниҳоду муҳокима дар мавзуи болозикр дар байни иштирокчиён сурат гирифт.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон