22-юми октябр дар Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода М.М. иштирок ва дар…
22-юми октябр дар Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода М.М. иштирок ва дар мавзӯи “Ҳифз ва ҷаҳоникунонии ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонидааст. Қабули барномаҳои давлатӣ ва дар заминаи онҳо тармиму барқарорнамоии 16 ёдгории таърихию фарҳангӣ, сертификаткунонӣ ёдгориҳо, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани 21 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз зумраи ин иқдомот мебошанд.
Дар зимн ишора гардид, ки ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он- фарҳанг марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар ва саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқу давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.