Бо мақсади дар сатҳи баланди эҷодиву тадорукотӣ истиқбол намудани бузургтарин чорабинии муҳими милливу сиёсӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ва баргузор намудани даври дуюми
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар Вазорати фарҳанг бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва дигар роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид.