Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани чорабинии муҳими таърихӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар Вазорати фарҳанг бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва дигар роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид.
Дар машварати корӣ масъалаҳои омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати истиқболи сазовори ин ҷашни пуршукуҳ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.