Таърихи 15 апрели соли равон, дар Вазорати фарҳанг бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода Маҳфили омӯзишии "Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид. Иштирокдорони маҳфил доир ба рушду нумуъ, ҳифзи…
Таърихи 15 апрели соли равон, дар Вазорати фарҳанг бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода Маҳфили омӯзишии "Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.
Иштирокдорони маҳфил доир ба рушду нумуъ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол ва муаррифии музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.
Даъватшудагон, ки ғолибан ҷавононро ташкил медоданд, дар маҳфил фаъолона ширкат варзида, доир ба мавзуи мавриди ҳадаф аз иттилооти зарурӣ бархурдор шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон