Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон аз 14 то 21 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 35 –умин солагарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор менамояд. Дар доираи фестивали мазкур, имрӯз роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо ҳайъати ҳакамони озмун, коршиносони риштаи театр аз кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.