Арӯси сол – фасли баҳор шамим ва накҳати аҷибе дорад. Муқаррарӣ нест. Ба машом бӯйи биҳиштро мерасонад. Шахс аз шамидани он серӣ надорад. Мехоҳад бо тамоми вуҷудаш ва ҳастиаш аз он нафас кашад, дар оғӯши он бошад. Зебогии ин фасл зебогии Модар…
Санаи 6 марти соли 2026 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид. Дар оғоз муовини вазири адлия Зафар…
Гузашта дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардида, ба сабақи бузурги мактаби ҳаёт табдил меёбад. Бо мурури вақт варақгардон намудани он агарчи шахсро бо гузашта ошно месозад, вай бо ин рисолати азалии худро интиҳо намебахшад. Рисолати…
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки тибқи муқаррароти моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияи ҷамъиятӣ" то 1-уми апрели соли 2026 бояд ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи идомаи…
Кормандони вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд. Кормандон бо роҳнамоии мутахассисон – шореҳони Осорхона аз толорҳои гуногуни осорхона дидан карда, бо…
Истиқлолият ҳамчун падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ танҳо тағйири шакли идоракунӣ ё соҳибихтиёрии давлатӣ нест, балки он равандест, ки ба умқи шуури миллӣ, худшиносӣ ва низоми арзишҳои фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар шароити соҳибдавлатӣ миллат…
16-уми феврали соли 2025-ум мулоқоти муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода бо муовини Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Эри Двиведи баргузор гардид . Зимни мулоқот масъалаҳои…
Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри…