Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Расонидани таъсири танзимкунанда ба бозор
Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009, № 93 дар таҳрири нав қабул карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, №93 тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2010 № 587, аз 11.10.2012 № 573, аз 26.06.2021 № 254)
Муқаррароти умумӣ
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ амалӣ мекунад.
Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин муқаррароти Низомномаи мазкур амалӣ мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2021 № 254).
Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.