Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Расонидани ёрии башардӯстона
НИЗОМНОМА
ДАР БОРАИ АГЕНТИИ ЗАХИРАҲОИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ ДАР НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Низомнома дар бораи Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, № 93, дар таҳрири нав қабул карда шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, № 93, тасдиқ шудааст.
(Бо тағйиру иловаҳое, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 587; аз 11 октябри соли 2012, № 573 ва аз 26 июни соли 2021, № 254 ворид карда шудаанд.)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ амалӣ менамояд.
2. Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муқаррароти Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, № 254).
3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.