Дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият кишоварзон баҳри таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти назаррас доранд. Масоҳати умумии заминҳои корами обии ҷамоат 1500 гектар ва заминҳои лалмӣ 360 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ҷамоат 550 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони 215 гектар пиёз ва дар 139 гектар картошка кишт намуданд. Дар натиҷаи меҳнати содиқонаи кишоварзон то имрӯз беш аз 7800 тонна пиёз ва 3750 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар майдони 630 гектар замини обӣ гандум кишт шуда, тибқи иттилои масъулин рӯзҳои наздик маъракаи ҷамъоварии ҳосил оғоз мегардад.
Масъулини соҳа мегӯянд, ки истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон додааст, ки ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардад. Кишоварзони ҷамоат ният доранд минбаъд низ ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми бештар гузоранд.