Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ аз як қатор иншооти истеҳсолӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид нахуст роҳбарияти шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди маҳсулоти алюминий шинос гардиданд. Дар ин ҷо ба масъулин оид ба сифати корҳои иҷрошаванда, риояи талаботи техникӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тавсияву дастурҳои мушаххас дода шуд.