Имрӯз дар идомаи мулоқоти сайёр узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам бо чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини кураш Сарвар Абдушукуров дидору мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ дастоварди назарраси варзишгар дар арсаи байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки чунин ғалабаҳо на танҳо боиси ифтихори сокинони шаҳр, балки мояи сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Қайд гардид, ки муваффақияти Сарвар Абдушукуров самараи заҳмати пайваста, иродаи қавӣ, матонат ва талошҳои устувор буда, барои насли наврасу ҷавон намунаи ибрат маҳсуб меёбад.
Бо қадрдонӣ аз хизматҳои арзанда ва дастоварди варзишгар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби раиси шаҳр ба Сарвар Абдушукуров сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.