Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз зимни мулоқоти сайёр бо аҳолӣ дар деҳаи Файзбахш аз муассисаи таълимии рақами 93 боздид ба амал овард. Зимнан раиси шаҳр бо омӯзгорон, фаъолони деҳа суҳбат ороста, бо шароити таълиму тадриси хонандагон аз наздик шинос шуд.
Дар идома, роҳбарияти шаҳр дар деҳаи Шарқиён 1-и ҷамоати болозикр бо аҳолӣ вохӯрии сайёр доир сохта, ба саволҳои сокинон ҷиҳати рушди деҳот ҷавобҳои мушаххас доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи мазкур бунёди бинои нави таълимӣ иборат аз 3-ошёна, 21-синфхона ва утоқҳои корӣ ҷараён дошта, иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳмгузории сокинони маҳал бунёд мегардад.