Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорон, захираҳои сафарбарӣ ва эҳтиётӣ, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Паради ҳарбӣ бо иштироки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, намоиши омодагии баланди сафороӣ, интизоми ҳарбӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбиро таҷассум намуд. Ҳайати шахсӣ бо қадамҳои устувор аз назди роҳбарият ва иштирокчиёни чорабинӣ гузашта, садоқати худро ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон нишон доданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар заминаи он пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъмин гардид.
Ҳифзи Истиқлол ва дастовардҳои он, таҳкими сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар таъмини амният ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ нақши муҳим доранд.
Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба Ватан ва ифтихор аз давлатдории миллӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён таассуроти нек бахшид.