Дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи табибон чорабинии тантанавӣ ва идона бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони соҳаи тандурустӣ, собиқадорони соҳа ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ аз фаъолияти пурсамар ва заҳмати шабонарӯзии табибону кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки касби табибӣ яке аз касбҳои пуршараф, масъулиятнок ва башардӯстона ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ, бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати кумаки тиббӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустии ноҳия барои фаъолияти содиқона, саҳми арзанда дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои касбӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба табибон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ барои заҳмати софдилона ва хизмати содиқонаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъули касбӣ комёбиҳои нав таманно карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ фазои идона ва хотирмон бахшид.