Дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи фарҳангии «Як рӯзи фарҳанги ноҳияи Қубодиён» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт аз фарҳанги ғанӣ, таърихи пурифтихор ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия аз наздик ошно гардиданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳангу адаб, фаъолон ва сокинони пойтахт иштирок намуда, аз дастовардҳои ноҳияи Қубодиён дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми сокинони он дар пешрафти кишвар ёдовар шуданд.
Ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин гардида, суруду таронаҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ фазои идонаро фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳо ва дастовардҳои ноҳияҳо, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ мусоидат намуда, дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас нақши муҳим мегузорад.