Дар ноҳияи Қубодиён ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, аҳли зиё, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси ноҳияи Қубодиён табрик намуда, таъкид намуд, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар мебошад.
Дар идомаи маҷлис аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёду навсозии инфрасохтор ва корҳои ободониву созандагӣ ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Қубодиён низ дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Сипас, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа
Ҳамзамон, ба як қатор фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат барои саҳми арзандаашон дар корҳои ҷамъиятӣ, ободонию созандагӣ ва рушди ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлис барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешкаши ҳозирин гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу саҳнаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ шукуҳи идона бахшиданд.