Бо мақсади амалӣ намудани тадқиқоти агроэкологӣ, арзёбии занҷираҳои арзиш, таҳлили имкониятҳои бозор, омӯзиш ва арзёбии имкониятҳои ташаккулу рушди кластерҳои кишоварзӣ, инчунин харитасозӣ дар доираи марҳилаи ибтидоии Барномаи «Рушди кластерҳои устувори кишоварзӣ ва такмили логистика» (SCALE) намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Агро-Экологии Зарзамин» ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварданд.
Ҳайати гурӯҳи кориро роҳбари ташкилот Шарипов Ҳукуматшоҳ, ҳамоҳангсози лоиҳа Маҳмадов Шокирҷон, мутахассиси лоиҳа Самадов Юсуф, картограф Миров Садам ва мутахассиси кишоварзии лоиҳа Аҳмадов Ҳомидҷон ташкил медиҳанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои рушди кластерҳои устувори кишоварзӣ, дастрасии истеҳсолкунандагон ба бозор, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот, инчунин имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Барномаи SCALE аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи он мусоидат ба рушди кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба бозор ва хизматрасониҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон мебошад.
Дар доираи барнома имкониятҳо ва мушкилоти рушди кишоварзӣ ва занҷираҳои арзиш дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Қубодиён, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Натиҷаҳои тадқиқоту арзёбиҳо барои таҳияи тавсияҳо оид ба сармоягузорӣ, дастгирии рушди иқтисодӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кластерҳои кишоварзӣ истифода хоҳанд шуд.