Ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳассос ва пуртазоди таърихӣ қарор дорад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳои мусаллаҳона, ихтилофҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳо, таҳдидҳои амниятӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ ба зиндагии миллионҳо нафар…
Ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳассос ва пуртазоди таърихӣ қарор дорад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳои мусаллаҳона, ихтилофҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳо, таҳдидҳои амниятӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ ба зиндагии миллионҳо нафар таъсир мерасонанд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва амнияти ҷомеа арзишҳое мебошанд, ки ба осонӣ ба даст намеоянд ва ҳифзи онҳо масъулияти доимии давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Дар чунин шароити мураккаби ҷаҳонӣ барои мо шаҳрвандони Тоҷикистон дарки воқеии арзиши сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти хосса дорад. Сулҳу субот барои ҷомеаи мо танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки заминаи асосии зиндагии осоишта, фаъолияти созанда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Он ба ҷомеа имконият фароҳам овард, ки аз марҳилаи душвори таърихӣ бо дарки масъулияти умумимиллӣ гузашта, неруи худро ба ободонӣ, созандагӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ равона намояд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳамияти муҳим дошта, ҳамчун намунаи зарурати муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо арзёбӣ мегардад.
Маҳз дар фазои сулҳу субот имкониятҳои воқеӣ барои рушди иқтисоди миллӣ, бунёди инфрасохтори муосир, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори давлат фароҳам меоянд. Ҳар як мактаб, беморхона, роҳ, корхона, иншооти иҷтимоӣ ва лоиҳаи созандае, ки имрӯз дар кишвар бунёд мегардад, дар заминаи муҳити орому устувор амалӣ мешавад.
Аз ин рӯ, сулҳро танҳо набояд ҳамчун набудани ҷанг маънидод кард. Сулҳ пеш аз ҳама муҳити эътимод, эҳтироми ҳамдигар, риояи қонун, таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва имконияти зиндагиву фаъолияти созанда мебошад. Ваҳдат бошад, неруест, ки ҷомеаро муттаҳид намуда, барои расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ заминаи устувор фароҳам месозад.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз ҳифзи сулҳу ваҳдат танҳо вазифаи давлат ё сохторҳои алоҳида нест. Ин масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд бо меҳнати ҳалол, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулгароӣ, муносибати масъулона ба ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон метавонад дар таҳкими фазои сулҳу субот саҳми худро гузорад.
Хусусан, дар шароите ки воситаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии шаҳрвандон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Муносибати масъулона ба иттилоот, пешгирӣ аз паҳн намудани хабарҳои носанҷида, эҳтироми андешаҳои гуногун ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа аз ҷумлаи омилҳои муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ мебошанд.
Имрӯз мо бояд дарк намоем, ки сулҳу ваҳдат мероси бебаҳои гузашта ва ҳамзамон масъулияти наслҳои имрӯз ва фардост. Агар мо хоҳони рушди устувори кишвар, зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи осудаи фарзандони худ бошем, бояд арзишҳои сулҳу ваҳдатро ҳамчун пояи ҳастии ҷомеа ҳифз ва таҳким бахшем.
Ватан бо меҳнати созанда обод мешавад, давлат бо масъулияти шаҳрвандон қавӣ мегардад ва ваҳдат бо эҳтироми якдигар пойдор мемонад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда масъулияти худро эҳсос намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои созанда саҳми арзандаи худро гузорем.
Сулҳ неъмати бебаҳо, ваҳдат пояи устувори давлатдорӣ ва субот заминаи рушди ҷомеа мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо маънои ҳифзи имрӯз ва ояндаи Тоҷикистонро дорад.
Сайдаҳмадзода Аминҷони Шариф - сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон