Ҳамватанони азиз ва ҳамкорони гиромӣ, Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати фарорасии Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Истиқлоли давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни…
Ҳамватанони азиз ва ҳамкорони гиромӣ,
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати фарорасии Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик рӯйдоди бузурги таърихӣ ва арзишмандтарин дастоварди даврони навини давлатдории миллӣ буда, ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти давлатӣ ва омили муҳими таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон мақоми хосса дорад.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо марҳилаҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкориҳои созандаро бо сарбаландӣ тай намуда, дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи пешрафта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бо шарофати сулҳу суботи пойдор ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари мамлакат корҳои васеи ободониву созандагӣ идома дошта, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ба раванди устувори пешрафти мамлакат мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва эътибори рӯзафзун касб намуда, бо сиёсати сулҳҷӯёна, ташаббусҳои созанда ва мавқеи устувори худ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми арзанда мегузорад. Эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳ ва зеҳни сунъӣ далели равшани нуфузи рӯзафзуни кишвари мо дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият, татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими иқтидори давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат муҳим арзёбӣ гардида, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва фаъолияти содиқонаву самарабахш омили муҳими расидан ба ҳадафҳои созандаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба Шумо ҳамватанон ва ҳамкоронӣ азиз саломатии бардавом, умри пурбаракат, неруи тоза, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор, фазои кишвар орому осуда ва Ватани маҳбубамон
ҳамеша ободу пешрафта бошад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза,
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Камолиддин Муминзод