18 сентябри соли 2026 дар дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони сохторҳои алоҳидаи мақомот машғулияти идоравӣ гузаронида шуд. Машғулияти идоравиро сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва…
18 сентябри соли 2026 дар дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони сохторҳои алоҳидаи мақомот машғулияти идоравӣ гузаронида шуд.
Машғулияти идоравиро сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумита Камолзода Файзиддин Умар пеш бурда, мавзӯи асосии баромад ба «Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бахшида шуд.
Дар рафти машғулият масъалаҳои муҳими зерин мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд:

Моҳият ва аҳамияти Қонун: Таъкид гардид, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарти асосии фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва таъмини волоияти қонун ба ҳисоб меравад.

Принсипҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ: Ба принсипҳои адолатнокӣ, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият ва касбият дар раванди таҳия ва қабули лоиҳаи санадҳо диққати махсус дода шуд.

Пешгирии ихтилофоти ҳуқуқӣ ва экспертиза: Масъалаҳои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии санадҳо, пешгирии мухолифат ва такроршавии меъёрҳо шарҳ дода шуданд.
Бақайдгирии давлатӣ ва интишори санадҳо: Тартиби дурусти бақайдгирӣ, интишор ва дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмонида шуд.