6 январи соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар маросим Сафарзода Анвар —…
6 январи соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар маросим Сафарзода Анвар — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Гулаҳмадзода Зулфиқор — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муминзод Камолиддин — раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони соҳа иштирок намуданд.
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2026, №1199, як қатор шахсони арзанда барои хизматҳои шоён ва саҳми назаррас дар рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Назарзода Анвар Зафар - муовини сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.